БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзӣ бо мақсади фаъолияти босамари ҳизбиён

МӮЪМИНОБОД. Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали машғулиятҳои курси бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия семинари омӯзишӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Дар курси бозомӯзӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қӯрбоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни андешаронӣ масъулин тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоиро баррасӣ карда, инчунин оид ба беҳтаршавии кор дар ин самт аз ҷониби иштирокчиён таклифу дархостҳо пешниҳод карда шуд.

Дар идома бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия,  аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ,  гулдӯзӣ, попурӣ, рафидадӯзӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg