НОРАК. Бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия, узви КИМ ҲХДТ Казакова Умринисо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо дар маҳаллаи Лангари минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак оид ба муҳокимаи фоҷиаи даҳшатбори гурӯҳи ҷинояткорӣ ТТЭ ҲНИ ва пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ирфотӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан Руқия Қурбонова ва Казакова Умриниссо оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистонро зарур аст, сиёсати ватандӯстонаи Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем, ба онҳо дар соли нави хониш шароитҳои хуби таълимӣ муҳайё созем, фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд, мунтазам дар тамос буда, аз буду боши онҳо огоҳӣ дошта бошем, нагузорем, ки нохалафе бо ҳиллаву найранг фарзандони моро, алалхусус ҷавононро, ки онҳо қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, мағзшӯӣ карда, ба доми худ фирефта созанд.
Инчунин, дар ин раванд Қумринисо Гулмуродзода андешарониҳои судманди масъулинро ҳамроҳӣ карда, оид ба ҳодисаи ноҷавонмардонаву разилонаи наҳзатиён, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара анҷом дода шуд, суханронӣ намуда, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои террористӣ огоҳ намуд.