БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабинии ҳизбӣ бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ВОСЕЪ. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ин соҳа ва афзалият додани ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуберо муҳайё намуд.
Тибқи нақша-чорабинҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо фарогирии сокинони ҷамоати деҳоти мазкур  намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
 Нахуст,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табрик гуфт.
Дар идомаи чорабинӣ муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Восеъ Хоҷазода Назари Назрӣ баромад намуда, доир ба роҳҳои беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ аз ҳисоби ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон суҳбат гузаронид.
Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва маданияти волои меҳмонпазирӣ мебошад, аз ин рӯ ҳар як меҳмоне, ки ба қаламрави кишвари биҳиштосои мо ҳамчун сайёҳ ворид мешавад, бояд мо бо маданияти тоҷиконаи худ меҳмонро гиромӣ дошта, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ватан вусъат бахшем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg