БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асоси ҲХДТ таъмини ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «15-солагии Ваҳдати миллӣ» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки вазифаи сохторҳои ҳизбӣ дар самти амалисозии ҳадафҳои зикршуда, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум вобаста ба фазои сиёсии дохиливу хориҷии кишвар, саҳми ҳар як табақаи ҷомеа дар ободиву пешрафти Ватан ва истифодаи васеъи далелу рақам дар суҳбатҳо мебошад.

Дар ин росто, месазад ҳамчун корманди масъули ҲХДТ- ҳизбӣ раҳнамои ҷомеа вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар самти пойдории истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ, нигоҳдории ҳувияту асолати миллӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок муайян кунем.

Сипас, дар идома оид ба амали ваҳшиёнае, ки санаи 29.07.2018 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба вуҷудомад буд, барассӣ намуда қайд карданд, ки бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg