БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони ноҳияи Панҷ амали ваҳшиёнаи хоинони миллатро маҳкум намуданд!

ПАНҶ. Вобоста ба куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамоиши фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

Тавре дар рафти чорабинӣ зикр гардид, терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср хатароти бузургеро пешорӯи инсоният қарор дода, гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ солҳои охир бо амалҳои ноҷавонмардона мардуми осоиштаро бехонумон ва қурбонӣ мекунанд. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо ҳар роҳу восита ҷавонони ноогоҳро ба амалҳои зишти ғайриинсонӣ ҷалб карда, дар тамоми гӯшаву канори дунё ҳадафҳои муғризонаи хешро ба воситаи онҳо пиëда месозанд. Мисоли равшани он ин амали ваҳшиёнаи як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳе, ки 29 июл дар ноҳияи Данғара  ба амал омада мебошад, ки боиси ташвиши тоҷикистониён гардид.

Амали нангин ва ноҷавонмардонае, ки аз ҷониби чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз байни ҷавонони ноҳияи мо дар ноҳияи Данғара рух дод, бисёр амали нангин барои миллати меҳмоннавози тоҷик мебошад, ки ин амали хоинон обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар байни кишварҳои дигар то андозае коста менамояд. Онҳо хостанд, ки бо куштани сайёҳони бегуноҳ вазъи сиёсии мамлакатро ноором сохта, нагузоранд, ки дигар сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон ташриф оранд ва ба ин васила ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисорот ворид намоянд.

Ин кирдори содиркунандагони ҷинояти мазкур бар зидди Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мехоҳанд ба ин роҳ Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном намоянд.

Оид ба хатарҳои терроризм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар  қайд карданд, ки  воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Баромадкунандагон ва сокинони ноҳия ин амали террористиро қотеъона маҳкум намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, дар ин рӯзҳо дар атрофи роҳбарияти олии кишвар боз ҳам муттаҳидтар мешавем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg