КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал, эълон гардидааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корбарӣ карда истодаанд.
Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара бо мардуми маркази шуъбаи сеюми ҷамоати шаҳраки Бохтариён сурат гирифт. Дар вохӯрӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшидан ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Ҳамчунин суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва инчунин, ҳодисаи нанговари дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ҷониби ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ рухдода, ки 4 нафар сайёҳи хориҷиро ба қатл расониданд муҳокима шуда, таъкид карданд, ки дар байни сокинон, махсусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки ин нохалафон дар байни ҷомеаи шаҳрвандии моро барои расидан ба ҳадафҳои шуми душманонаашон истифода кунанд.
Дигар масъулин қайд доштанд, ки ин падидаи номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо заминаи самарабахшу умда гузорад. Албатта, ин натанҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона, мардуми сарбаланди мо аз ӯҳдаи таҳаммули чунин кирдори хоинонаи давлату миллат баромада метавонад. Чунки миллати тоҷик бо меҳмоннавозиву меҳмондӯстӣ дар ҷаҳон маъруфу машҳур гарштааст.