БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадаф аз эълон гардидани озмуни «Армуғони Хатлонӣ» баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занони деҳот аст!

ДӮСТӢ. Тибқи  ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия пайваста  вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд.

Роҷеъ ба ин мавзӯъ дар кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оид ба эълон намудани озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» бо занону духтарони деҳоти номбурда сухбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва касбомӯзӣ пешниҳод намудани ҳунарҳои шоистаи миллӣ ба шумор мерафт.  Дар рафти баргузории чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯсти Одиназода Ҳуснигул бо иштрикокчиён суҳбати гарму самимӣ ороста, моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро баҳри рушду нумӯъи фаъолияти занони деҳот манфиатдор арзёбӣ намуд.

Инчунин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Юсуфӣ Амина аз ҳавзаи интихоботии №29 интихоб гардида буд, барои шиносоӣ бо сокинони маҳал муаррифӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg