БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд

ВОСЕЪ. Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, пешгирии афкору андешаҳои ғайр, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, инчунин омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқ дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки муттахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафархони Муҳаббат ва сокинони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимнан Сафархони Муҳаббат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки он навъи ҳунарҳои мардумиро, ки дар гузаштаҳои дур мавҷуд буд, вале ҳоло аз байн рафтааст, эҳё бояд намуд, ҳунарҳоеро, ки ба ҳадди фаромӯшӣ расидаанд, дубора равнақ бояд  дод, ҳунарҳоеро, ки ҳастанд, онҳоро дар шаклу қолабҳои нав эҷодкорона пеш бояд бурд, то ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар якҷоягӣ ҳиссаи сазовори хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg