БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ мубориза мебарем!

Ҷ.БАЛХӢ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Янгитурмуши ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳия тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони маҳал мулоқот баргузор гардид.

Кормандони масъули кумита дар назди ҷамъомадагон оид ба моҳияти Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун роҳнамо мебошад, андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, оид ба ҳодисаи дашатборе, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дод, ёдовар шуда, қайд карданд, ки барои оромиву амнияти ҷомеа фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдиди калон дорад ва барои рушди давлатҳо муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меоварад.

Масъулин кайд карданд, ки имрӯз мо дида истодаем, ки тарафдорони гуруҳҳои ифроти аз амали худ пушаймон гардида, майл ба ҷониби рӯзгори осоишта доранд. Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад. Вохӯрӣ озод сурат гирифта, сокинон ба суолу дархостҳои хеш посух гирифта, вохӯриро ҷамъбаст намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg