БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар таърих номҳои ТТЭ ҲНИ ва Нуриву Кабирии лаънатӣ ҳамчун хоини Ватан ва қотили миллат сабт гардидаанд!

А.ҶОМӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Саъдӣ»-и деҳаи Саъдии ҷамоати деҳоти  ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин вохўрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбонов Абдурашид иштирок дошта, оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти он андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф мардумро бори дигар аз хафву хатарҳои ҷаҳони муосир, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ,  ҳодисаи нангине, ки дар ноҳияи  Данғара аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ  ба вуқӯъ пайваст ва  боиси марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид,  ҳушдор дода, қайд кард, ки  фоҷиаи рухдода таҳти сарпарастии  ТТЭ ҲНИ  буда,  онҳо мехоҳанд зиндагии осуда ва Ватани биҳиштосоямонро  ба гирдоби ғаму кулфат  андозанд вале нияти нопокашон ҷомаи амал напӯшид.

Иштирокдорон рафтору кирдори ғайриинсонии аъзои ТТЭ ҲНИ-ро, ки ҳеҷ гоҳ давлату миллат намебахшад, қатъиян маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg