БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалишавии қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия

А.ҶОМӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот С.Ашӯров ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Самадзода Саёҳат дар китобхонаи марказии ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  соати сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан С.Ашӯров оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ва Саёҳат Самадзода  бошад, дар бораи тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ карданд.

Баъди  ба анҷом расидани хониши сиёсӣ ба иштирокчиён аз ҷониби масъулин маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд. Иштирокчиён ин вохӯрии ташкилшударо мақсаднок ҳисобида аз намояндагони ҳизб даъват карданд, ки чунин вохӯриҳоро пайваста роҳандози намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg