ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ба роҳ мондани татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» як зумра чорабиниҳои мухталифро доир намуда истодааст.
Бо ин мақсад мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати шаҳраки Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумии маҳаллаи «Наврӯз» ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Сараввал Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ воқеаи нангину нохуши таърихи 29-уми июли соли равон, ки дар ноҳияи Данғара рух дод, куллан маҳкум намуда, қайд намуд, ки ин ҳодисаҳои нангин тамоми сокинони Ватани азизамонро ором намегузорад. Ин амали мудҳише буд, ки аз ҷониби хиёнаткорони Ватан сар задааст, нобахшиданист ва хоинони миллат ҷазои сазовор хоҳанд гирифт. Иловатан даъват ба амал овард, ки дар гирди сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳидиро идома дода, баҳри ободии Ватанамон саҳми худро гузорем ва пеши роҳи ин амалҳои номатлубро гирифта, намегузорем, ки дигарбора чунин амалҳои номатлуби ҷомеа оромии Тоҷикистонро халалдор созанд.
Дар идомаи суҳбат масъулин оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чунин қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Татбиқи ташаббуси Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, амалҳои мушаххас барои рушди устувор оид ба захираҳои об, рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот дар минтақа ва миқёси ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.