БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ фаъолони ҲХДТ дар деҳаи Кибилии шаҳри Норак

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия ва узви КИМ ҲХДТ Казакова Умринисо дар маҳаллаи Кибили ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак  вохӯрӣ доир гардид.

Руқия Қурбонова ва Казакова Умриниссо  оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадҳо намуда, сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  оид ба ҳодисаҳои ноҷавонмардонаву разилона, ки   санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара анҷом дода шуд,  андешаронӣ намуд.

Дар охир  корманди масъули кумитаи иҷроия Фирдавс Ғафурзода оид ба   баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg