Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар пайвастагӣ бо бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷиҳати ҳарчӣ бештар огоҳ намудани насли ҷавони кишвар аз ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара бавуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст ва маҳкум намудану минбаъд пешгирӣ кардан аз чунин воқеаҳо бо иштироки васеъи ҷавонон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар Қасри фарҳанги ноҳия ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Мо ҳомии манфиатҳои миллӣ ҳастем ва Истиқлолияти давлатамонро ҳифз менамоем» ҳамоиш доир намуд.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё суханронӣ намуда, қайд намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, пешгирии истифодаи нодурусти технологияи муосир, ҳар як сокини мамлакат, бахусус ҷавонони кишварамонро зарур аст, ки ба муқобили экстремизм, терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки ба мардуми мо бегона аст, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххас андешиданд.
Имомхатиби ноҳия Маҳмудов Маҳмаднеъмон дар баромади худ қайд намуд, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар шабакаҳои интернетӣ тарзи зиндагонии мардумони Тоҷикистонро ғайрисломи маънидод намудааст, ки комилан хатост. Ин гуфтаҳои онҳо ҳазорҳо фарсах аз ҳақиқат дур мебошад. Мо ходимони дин ин гфтаҳои ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум менамоем ва талаб дорем, ки онҳо дигар дар ҳакқи Ватану ҳаммватанони мо бадгӯӣ ва суханҳои носазо нагӯянд. Онҳо ҳуқуи маънавии роҳгумкардани ҷавонони моро надоранд. Ба ҷавонони саодатманди Тоҷикистон ҳамчун фарзандони бономуси Ватан, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору фаъолият, таҳсил ва зиндагӣ доранд, муроҷиат менамоем, ки ҳеҷ гоҳ ба дассисаҳои ин хоинони миллат дода нашаванд ва ба ин роҳи хоинонаи онҳо нараванд.