БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хурсандии мардум дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.  Дар чорабинии марзкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар,  раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат Сармисоқова Хайринисо занони фаъол ва мардуми деҳа иштирок доштанд.

Саравал суханро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар  оғоз намуда,  иброз дошт, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  барои миллати тоҷик  як ҳадияи бузург аст, ки  тавасути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон аз нав бо рангу шакли зинда эҳё гардид. Сипас, ҳамчун вакили  деҳа Ватанзода Саидҷаъфар иқдом гирифт,ки якҷоя бо қувваи сокинон купрӯки деҳаи мазкурро, ки солҳои дароз рӯи таъмирро надида буд,  аз нав таъмир намояд. Ҷавонони бонангу номуси  деҳаро ба сафи Кувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, таъкит кард, ки ҳамчун фарзанди содиқи Ватан марзу буми меҳанамонро ҳимоя намоед. Боиси ифтихор аст, ки дар ин чорабинии ҳизбӣ  аз оилаҳои кабизоат тӯйи як ҷуфт  навхонадорон ва ду нафар хатнасур баргузор  гардид. 

Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба ташкилкунандагони ин чорабини Сипосномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg