КУШОНИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Асроров Саидшо дар назди ҷамъомадагон доир ба фоҷиаи нангини гурӯҳи ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ, ки дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ва захмин кардани 3 нафари дигар андешаронӣ намуда, онҳоро бори дигар ҳушдор дод, ки дар таълиму тарбияи фарзандон беаҳамият набошанд, дар ҳолати дар маҳали зист пайдо шудани шахсони бегона мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро хабардор кунанд ва нагузоранд, ки баднияту ҳайвонсириштон фазои орому осудаи моро бо ғаразҳои
нопоки худ ғуборолуд созанд.
Ҳамзамон ба дарки ҷомеа расонида шуд, ки амалҳои террористиву экстремистие, ки дар Ватани маҳбуби мо рух медиҳанд, саркардагони онҳо ТТЭ ҲНИ буда, бо ҳар роҳу восита давлатҳои исломиро бадном карда истодаанд.
Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро месазад аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ гузорем.