БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатари муосири геопалитикӣ шинохта шудааст

КӮЛОБ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайванд” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайванд”, раиси АДСИН дар минтақаи Кӯлоб Қурбонзода Ҷурабек иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки дар шароити муосир масъалаи шакл ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои тахникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, забономӯзӣ, таблиғи арзшҳои фарҳангиву туризм, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Яъне аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯи сияҳкор сӯистифода намуда, мақсадҳои худро таблиғ мекунанд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg