БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳ намудани мардум аз амалҳои террористӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ

КУШОНИЁН. Дирӯз вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Хурсандӣ 1 ва Хурсандӣ 2-и  ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вокуниши мардум алайҳи амали ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ифротӣ доир гардид.

Дар рафти  чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Асроров Саидшо иштирок намуда қайд кард, ки дар руҳияи ҳунармандиву бунёдкорӣ ва ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо диққати махсусро равона намудаем.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф ба аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ замина гузорад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мацсади дигари мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Дар баробари андешаронӣ Асроров Саидшо атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТТЭ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg