БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои ваҳшиёнаи хоинони миллат иродаву матонати халқи тоҷикро шикаста наметавонад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ибтидоии ҳизбии “Кӯлобгаз” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба амалиёти террористӣ, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба миён омад, мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлобгаз” Ҷалолов Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ дар баромади худ қайд намуд, ки ин амали ноҷавонмардона аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои дар кишари мо мамнуъ тарҳрезию дастур дода шудааст, ки эътирофи ДИИШ оид ба зиммаи худ гирифтани масъулияти ин амали нангин бори дигар узви шабакаҳои байналмиллалии террористӣ будани онҳоро собит сохт. Имрӯз иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб намудааст ва ин ҳодисаи нангин, ки аз ҷониби ҷавонони тундрав амалӣ карда шуд, наметавонад меҳмоннавозии тоҷиконаро халалдор созад ва барои ташрифи меҳмонону сайёҳон монеа эҷод кунад.

Дар охир таъкид шуд, ки хоинони давлату миллати фаромӯш накунанд, ки мо миллати тавоноем аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо ва чунин амалҳои ваҳшиёна иродаву матонати халқи тоҷикро шикаста наметавонад. Мо ҳар сония, ҳар дақиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg