ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №2” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ҳизбиён ва муборизаи онҳо бо гурӯҳҳои ифротгаро” баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо баромад намуд.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат оид ба тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардидаанд. Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ “ҳал намудани масъалаҳо”- ро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур карда, бештар даҳшатнок гардидааст.
Инчунин, оид ба ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд, сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.
Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро балки ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта, умри ҷавони худро барбод додаанд.