ДӮСТӢ. Ҷиҳати иҷрои корҳои таблиғотӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар бозори Файзбори маркази ноҳия бо соҳибкорону савдогарон ва мизоҷон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба соҳибкорону мизоҷон лавҳа оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дастрас карда шуд.
Дар баробари ин ҷамъомадагонро аз фоҷиаи ваҳшонияти аъзои ТТЭ ҲНИ, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, ҳушдор намуданд.
Аз ҷумла масъулин қайд доштанд, ки маҳс чунин амалҳои нангини экстремистӣ ва террористӣ, ки боиси куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ гардидааст, метавонад мардумро водор созад, ки дар ҷомеа фаъол бошанд, бар зидди чунин гуруҳҳои манфиатҷуй мубориза бурда зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.