ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Зулоли ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов суҳбати сарироҳӣ бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов Гулонов Фирдавс дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зулол” баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, созанандагию ободкорӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дар пешистода, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллии ҷавонон, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ ва бақои давлатдорӣ сӯҳбат доир карда шуд. Чунин суҳбат аз ҷониби иштирокдорон ба хушнуди пазируфта шуд.