ВАХШ. Дар толори маҷлисгоҳи Литсейи давлатии ноҳияи Вахш маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки 148 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия баргузор гардид.
Нахуст маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов оғоз намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос кард.
Ба муҳокимаи рӯзномаи маҷлис дар баробари масъалаҳои корӣ, инчунин масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ пешниҳод гардида буд. Доир ба масъалаи зикргардида Маҳмадов Одилҷон суханронӣ намуда, дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи террористие, ки рӯзи 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи террористии ТЭТ ҲНИ анҷом дода шуда буд ва бар асари он 4 нафар сайёҳони хориҷӣ куштаву 3 нафари дигар захмӣ гардиданд, ба таври умуми шарҳу тавзеҳ дод. Дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ барраси гардида карорҳои дахлдор қабқл карда шуд.