БАЛҶУВОН. Дар кӯдакистони “Парасту”-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ ва вобаста ба фоҷиаи ноҷавонмардонаи гурӯҳи муташккили ҷиноятӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба амал омада буд, вохӯрӣ доир гардид.
Сараввал вохӯриро и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Исуф Мирзоев кушода, оид ба масъалаи болозикр суханронӣ намуда, таъкид кард, ки кӯдакистон дар тарбияи кӯдакон нақши муҳиму созгор дорад, чун ки кӯдакон ояндаи давлату миллатанд ва онҳоро аз ин ҷой саркарда дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудан вазифаи мост.
Ҳамчунин мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Асомуддин зикр намуд, ки мо бояд тамоми талоши худро баҳри ободию сарзабзии диёри хеш, тинҷииву оромӣ ва ҳимояи марзу буми кишварамон равона созем.