ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳритуз» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва xавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира оид ба муҳокима ва ба дарки ҷомеа расонидани амалҳои террористии аъзои ТТЭ ҲНИ, ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваста, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, андешаронӣ карда, мардумро аз амалҳои зишту ғайричашмдошти ТТЭ ҲНИ, ки ба рехтани хуни одамони бегуноҳ шавқу завқи беандоза дорад, огоҳ намуд.
Иштирокдорон пас аз суханрониҳои судманди намояндаи ҳизб ба ғазаб омада, рафтори ҳайвонсириштон, қотилони хунхорро сахт маҳкум карда, иброз доштанд, ки қотилон ва хоинони давлати соҳибистиқлоли мо ҳеҷ ба мақсад намерасанд ва мо дигар ба фиребу найрангҳои маккоронаи онҳо бовар надорем.