БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо баргузории чорабиниҳо анъанаҳои неки ниёгонро эҳё мегардонем!

Ш.ШОҲИН. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Дараи Оби ҷамоати деҳоти Доғистон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор  намуданд.          

Вохўриро сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ»  Қурбонзода Шифо кушода, дар рафти суханрониаш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Тақвияти робита бо маҳал, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ва ҷалби занони хонашин ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи  ҳодисаи нангине, ки дар ноҳияи Данғара аъзои ТТЭ ҲНИ роҳандози намуд, ки боиси марги  4 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид,  суханронӣ  намуд.

Дар идома директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7  Тағоев Қурбон ҷиҳати истиқбол гирифтан ва ҷамъбасти мақсадноки соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  андешаронӣ карда, иброз дошт, ки мо мардуми сарбаланди тоҷик  аз қадим бо ҳунару ҳунармандӣ  дар дунё машҳуру маъруф гаштаем ва ин анъанаҳои неки  ниёгонамонро  боз ҳам рушд дода,  ният дорем, Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ  ҷамъбаст намоем.

Сокинони деҳаи  мазкур аз ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами ҳизбу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда,  ҳамлаи ноҷавонмардонаи  гурӯҳи муташаккили ҷиноятии  ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg