ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи А. Ҷабборов чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияи ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Алиева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимахон Ғаффорова бо сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буд. Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуда, пешкаши ҳозирин гардониданд. Кӯдакони деҳа аз шодии ин чорабинӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омаданд, ки воқеъан ҳам ҷолиби диққат менамуд.
Дар рафти чорабинӣ Фарҳод Обидов вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд намуд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ҳунармандони деҳа ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бештар маҳсулот истеҳсол намуда, ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намоянд.