ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо аҳолии деҳаи Чубеки ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли тақвияти робита бо маҳал, ҳодисаи ваҳшонияти аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бо автомобили сабукрав пахшу захмин кардани як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ, ки бар асари он 4 нафар кушта шуданд, андешаронӣ карданд. Пас аз муҳокимаи ҳодисаи фоҷиабор сокинон амали қотилонро қотеъона маҳку карда, ба ТТЭ ҲНИ лаънат хонданд.
Баъдан масъулин моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба мардум фаҳмонида, аз онҳо баҳри иҷрои аксияи номбурда, ки ба ободиву осудагии зиндагии сокинон равона гардидааст, даъват ба амал оварданд.
Дар охир кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҳунарҳои мардумии ҳунармандони деҳаи Чубек аз наздик шинос шуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.