БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни наҳс ҳатто ба хоҷагони хориҷиашон ҳам зарар мерасонанд

АНДЕША. Мардуми Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон аз ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, сахт андуҳгин буда, ҳодисаи мазкурро қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба зарардидагони ин фоҷиа шифои комил таманно мекунад.

Тешкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо иҷрои ин амали нангин ва хоинонаи худ бори дигар ҳизби тероррист буданашро дар назди ин миллат ва кули ҷаҳониён исбот намуд. Ҳамчун як зан ба худ меандешам, ки ин Кабирии разил ва хоҷаҳояш ба чи имону виҷдоне чунин амалҳои пастеро анҷом медиҳанд. Ба Кабирии лаънатӣ ва ҳамдастону хоҷагонаш муроҷиат намуда гуфтанием, ки дигар ягон тарзу усул, васила ва нақшаҳои разилонаи ТЭТ ҲНИ дар хоки сарзамини Тоҷикистон ва ҳатто дар миёни муҳоҷирони меҳнатию шахсони гумроҳи тоҷик амалӣ намегардад. Он ҷавонони гумроҳе, ки имрӯз бозичаи нақшаҳои нангину разилонаи шумо мегарданд,  наздикон ва ё ҷавонони гумроҳи қаблан мағзшӯ намудаи шумост. Қадами номубораки Кабирӣ ва ҳамаслаконаш бошад то охири умрашон ба ин хоки пок намерасад ва онҳо мисли саг дар пушти дари хоҷагони хориҷиашон аккос зада мемиранд. Ин наҳзатиёни наҳс имрӯзҳо ба хоҷагони хориҷиашон ҳам зарар расонида обруву нуфузашонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодаанд.

Имрӯз ҷаҳониён мардуми тоҷикро бо василаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як миллати меҳмоннавоз, фарҳангдӯст ва тамаддунофар шинохта, сарзамини биҳиштосои Тоҷикистонро ҳамчун мавзеъи сайёҳӣ эътироф намуда, барои истироҳату саёҳат ба ин кишвари афсонавӣ омада, барои хеш таассуротҳои нек мегиранд. Ташрифи пай дар пайи сайёҳони хориҷӣ, маҳбубият пайдо намудани мардуми тамаддунофар ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон рашку ҳасуд ва нигаронии хоинон гардидааст.

Бахусус эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  диққати сайёҳони хориҷиро ба сарзамини Тоҷикистон афзун намуда, равуо бештар гардидааст. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона, сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат барои ҷаҳониён шоистаи таҳсин ва сазовори омӯзиш  аст.

Мо мардуми бостонии тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзем, чашмонамонро кушода кунем, сиёҳро аз сафед фарқ кунем ва вақти он расидааст, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

Саёҳат АБДУЛЛОЕВА, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg