БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани мардум аз таҳдидҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию  мулоқотҳо   дар деҳаи Навбаҳори  ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  бо сокинон оид ба огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат, занони фаъоли шаҳр, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”,  раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз намуда, иброз дошт, ки гурӯҳҳои ифротгаро на барои ободии миллат ё давлат, балки барои ниятҳои нопоку ғаразмандонаи хеш шуда,ҷавононро ба коми худ  мекашанд ва ба нокомию ноумедиҳо бурда мерасонанд. Сипас, оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз  хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пӯшидани сару либоси ба мо бегона  ва натиҷаи онро оид ба ҳодисаи нохуши дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  рух дода, маълумоти муфассал дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg