ЁВОН. Таҳти ҳамин унвон ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо фарогирии аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Хиёнат ба миллат амали нобахшиданист» роҳандозӣ карда шуд.
Аксияи мазкур дар ҷойҳои сераҳолии ноҳия, бозору мағозаҳо, марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» зиёда аз 2000 маводҳои гуногуни таблиғотӣ роҷеъ ба маҳкум намудани амали ноҷавонмардонаи аъзои ТЭТ ҲНИ, ки 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нисбати чор нафар сайёҳонӣ хориҷӣ раво диданд, дастрас карда шуд.
Мардуми ноҳияи Ёвон, аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, сахт андуҳгин буда, ҳодисаи мазкурро қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба зарардидагони ин фоҷиа шифои комил таманно мекунанд.