БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба корҳои созандагӣ бештар рӯ оварда, рафтору кирдори қотилонаи аъзои ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум мекунанд!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Идораи бойтории ноҳия бо кормандони соҳа соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар баргузории соати сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар амал татбиқ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд фоҷиаи  зишту нангини   гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ТТЭ ҲНИ  муҳокима карда.   Ҳамчунин қайд доштанд, ки ТТЭ ҲНИ бо ин роҳу восита   мехоҳанд муносибати Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои хориҷа бад намоянд.

Баъдан сарбойтор Абдусаттор Ибрагимов қайд намуд, ки  дар якҷоягӣ бо кормандони бойторӣ дар баробари таблиғӣ ҳадафҳои созандаи ҳизб, инчунин баҳри ривоҷ бахшидан дар самти фаъолияти касбӣ ва  бурдани корҳои таблиғотӣ дар байни омма баҳри солимии ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаем.

Дар охир  ҳамагон  рафтору кирдорҳои гурӯҳи  қотилонро  сахт маҳкум карда,  ба  ТТЭ ҲНИ  нафрат  хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg