БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба хоинони миллату давлат нафрат доранд

ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Сари ангури ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҳодисаи нанговаре, ки санаи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ ба вуқӯъ омад,  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат вобаста ба воқеаи нанговар, ки аз тарафи хоинони миллат ба амал омада буд, суханронӣ намуда оид ба ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg