
ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Б. Ғафуров» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Нуралиева Мадина хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур, инчунин дар бораи ҳодисаи нангин ва золимонаи як гурӯҳ аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди ноҳияи Данғара анҷомдода, ки бар асари он чор нафар сайёҳони хориҷӣ кушта ва се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд маълумот дода, иштирокдорон ба таври қотеъона ин амалро маҳкум карданд.
Дар охир иштирокчиёни хониши сиёсӣ аз номи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Б.Ғафуров» нисбати воқеаи нангини зикргардида вокуниши сареъ нишон дода, изҳорот қабул намуданд.