БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ИСА » тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид ба амали ваҳшиёнае, ки рӯзи 29 -уми июли соли равон анҷом дода шуд суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани эътибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирифтани ин шаҳрвандони ҷавон собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳанд, роҳандозӣ мекунанд. Ҳадафи барпокунандагон ин амал танҳо ворид намудани нуқс дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Аммо чун зӯргӯёну зӯроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок доранд ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.