Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи нав” бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигораҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда, ки аз ҷониби иштирокдорон баҳои баланд гирифт.
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба иштирокчиён фаҳмонид, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, ки онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои милли худ шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд. Аз ин иқдоми ватандустонаи Пешвои миллат занони маҳалла хушболиву шукргузорӣ мекунанд.