БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз хавфу хатарҳои ТТЭ ҲНИ огоҳӣ доранд!

А.ҶОМӢ. Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Рӯдакӣ» кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  ноҳия бо сокинон соати сиёсӣ гузарониданд.

Дар соати сиёсӣ  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ҳабибуллоев Аҳмадшо иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сарфаю сариштакорона баргузор намудани тӯйю маъракаҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ суханронӣ кард.

Инчунин,  дар идомаи  суҳбат мавсуф  аз оқибати  ҳамлаи ноҷавонмардони гурӯҳи муташаккили  ТТЭ ҲНИ-ро муҳокима намуда, мардумро  барои  пешгирӣ аз хавфу хатарҳои гурӯҳҳои террористӣ, ки бо роҳбарии  ТТЭ ҲНИ   ба вуқӯъ пайваста истодааст,  огоҳ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg