КӮЛОБ. Дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Зарбдор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор Муродова Дилафрӯз ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ аз намоиши доирнамудаи сокинон дидан намуда, баҳои баланд доданд.
Инчунин, дар рафти он Валиева Саъбагул воабаста ба мақсади роҳандозии чорабиниҳои мазкур дар сатҳи маҳал ва деҳот ибрози ақида намуда, ҳамзамон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ низ сухан гуфт.
Дар ин раванд мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои ифротӣ, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба Тоҷикистони азизамон халал ворид карда, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд андешаронӣ намуда, онҳоро барои дар ғафлат намондану аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ раҳнамоӣ кард.