Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои рангину ҷолибро баргузор намуда истодааст. Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳаллаи Явонобод ҷамоати деҳоти Фрунзе ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Зимнан, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, аз намоиши ҳунармандон дидан карданд.
Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвари мо заминаи мусоид фароҳам меорад.