БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар меҳвари вохӯриҳо

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ аз тарафи кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи  Қумшоҳи  ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов  бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ  ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира баргузор карда шуд.

Нахуст, Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бегонапарастию хурофот, пешгирӣ аз таассуби динӣ,  огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ,  дар доираи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор кардани  ҷашну маросимҳо,  андешаронӣ карда, сокинонро бори дигар аз ҳодисаи ба вуқӯъомадаи  гурӯҳи террористӣ, ки бо сарпарастии  ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Данғара рух дод, огоҳ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg