БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқ ба наҳзатиҳои лаънатӣ нафрат мехонад!

АНДЕША. Ҳизбиёни ноҳияи Фархор амали терористии аз ҷониби гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ санаи 29 – июли соли равон дар ноҳияи Данғара содир шударо, ки боиси марги 4-нафар ва захмӣ шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид, сахт маҳкум мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ин амали ноҷавонмардона ва ваҳшиёнаро санаи 29 июли соли равон гурӯҳи муташакили ҷинояткорони аъзои ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 тахминан соати 15:30-дақиқа, дар км 81-и  шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ ҳуҷум намуда, сипас бо истифода аз корд ва табар ба узвҳои онҳо заданд. Дар натиҷаи ин амал 4 нафар сайёҳони хориҷӣ Аустин Ҷей, Лаурен Анне шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америко, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар- Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Наҳзатиёни ҳиллагари лаънатӣ бошанд, ба хотири худро бегуноҳ нишон додан ин амали нангинашонро зери парчами ДИИШ пинҳон кардан хостанд. Аммо ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Мақомот маълум карданд, ки саркардаи ҷинояткорон аз аъзои ТЭТ ҲНИ буда, таълимоти ҷангиро на дар сафи ДИИШ, балки дар Эрон гирифтааст. Ин амал бори дигар собит сохт, ки терорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад, вай як ҳадаф дорад, куштор, ваҳшат афкандан, вандализм ва паст задани арзишҳои инсонӣ мебошад.

Амали мазкур супоришӣ буда, ба худ характери сиёсӣ дорад ва бевосита аз тарафи ҲНИ дар ростои эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳрезӣ шуда, бо мақсади бадном кардан ва паст задани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.

Аммо мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар баробари ин фоҷеа боз ҳам атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат зичтар муттаҳид гардида, намегузорем душман ба суботи ҷомеа таъсир расонад.

Алиҷон Назаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg