БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи асолати баланди миллӣ ва баёнгари завқи баланди зебоипарастии тоҷикон мебошад

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кӯҳдоман  вобаста  самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор  намуданд.          

Масъулин  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли тақвияти робита бо маҳал,  арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва  Ваҳдати комили миллӣ андешаронӣ намуда,  иброз доштанд, ки Истиқлолияти  давлатӣ ва Ваҳдати  миллӣ чун офтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушоданд. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Инчунин, дар ин раванд масъулин  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти  унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҳамагон расонида, аз онҳо баҳри дар амал татбиқ намудани Аксияи мазкур даъват ба амал оварданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg