БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва силоҳи маънавии давлат аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми  соли ҷорӣ аз тарафи кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи  Янгиободи ноҳия бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира иштирок ва андешаронӣ намуд.

Нахус Шоира Абдуллоева  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ карда, иштирокдоронро  бо моҳияти  Аксияи ҳизбӣ  шинос намуд.

Дар охир иштирокдорони чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони  деҳа  маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати занону бонувони ҳунарманд аҳсан гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg