А.ҶОМӢ. Баҳри татбиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Мадади Сино»-и Маркази муолиҷавии зидди бемориҳои сил дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба масъалаи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла, воқеаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омад ва сабаби марги сайёҳони хориҷӣ гардид, муҳокима шуда, иштирокдоронро барои пешгирӣ аз амалҳои террористиву зуҳуроти номатлуби ҷомеа даъват намуданд.