БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷики асил ҳеҷ гоҳ қотили меҳмон набуд ва амалеро иҷро накардааст, ки боиси нафрат гардад!

ЁВОН. Зери ҳамин шиор дар деҳаи Бӯстон 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара  Юсуфова бо иштироки занону ҷавонон ва фаъолони деҳаи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардида, ки дар натиҷа чор нафар сайёҳони хориҷӣ кушта  шуда, чанд тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ гардиданд, изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот,  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгири  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон,  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебуниёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ , муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24 андешарони карда сокинонро ба роҳи ҳифзи суботу оромӣ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg