БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бори дигар шаҳрвандонро аз хавфу хатарҳои хоинону қотилон огоҳ карданд!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №5», хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Зимнан Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, фоҷиаи даҳшатбори  куштори сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ  ба вуқӯъ пайваста андешаронӣ намуда, бори дигар ҳамагонро аз  хавфу хатарҳои  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз  шомилшавии  ҷавонон ба гурӯҳҳои  террористӣ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пайваста дар иртибот будани  волидайн бо фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани  онҳо  дар таълиму тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон, ҳифзи  оромиву  субот ва зиндагии осудаи мардум огоҳ карда, онҳоро дар ин роҳ раҳнамоӣ намуд. Чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд дар ҳудуди ноҳия бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg