БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз вохӯриву раҳнамоиҳои кормандони ҲХДТ хушнуд гардиданд

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Даҳанашоли ҷамоати деҳоти  ба номи Ғаффор Мирзо дар суҳбате, ки бо сокинони маҳалла дар асоси нақшаи корӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ба мушоҳида расид,ки мардуми деҳот ба шунидани чунин суҳбат  дар мавзӯъи рӯз таваҷҷуҳ доранд.

Мутахассиси шуъбаи ташкилии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия   

Ш.Набиев дар баромадаш вобаста ба доираи иштирокдорон оид ба шинохти терроризму экстремизм,  зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда,  хатари ба миллатдоштаи бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ сухан ронда, ҳозиринро ба вазифаҳое, ки  аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеояд, бо овардани мисолҳо шинос намуд.

 Ба ҳозирин тавсия дод, ки китоби «Каъбаи  умеди  мо халқ асту бас!»- ро дар алоҳидагӣ ва ё якҷоя мутолиа намоянд.

Сокинони деҳа Наътулло Қурбонов, Сайдаҳтам Азизов, Савлатбӣ Абдуллоева ва дигарон дар мавзӯъҳои мазкур суолҳо дода, ба онҳо ҷавоби қаноатбахшкунанда гирифтанд.

 Дар намоиши ҳунарие, ки дар он маҳсули дастони чевар Сарвиноз Неъматуллоева, устои дуредгар Сайдаҳтам Азизов ба намоиш гузошта шуд,  бошандагони деҳа дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдулманон Абдуалимов ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои ташкили чунин суҳбати муфид изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg