ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидов Илҳомҷон, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзӯъи “Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ” доир карда шуд.
Дар курси бозомӯзӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иштирок доштанд.
Зимнан курси бозомӯзиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода кушода, мақсади баргузории ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонид.
Дар ин раванд Абдулло Раҳмонзода доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ карда, инчунин фоҷиаи нагине, ки аз ҷониби хоинони давлат дар ноҳияи Данғара 4 нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд муҳокимаронӣ намуда, аз онҳо баҳри ҳифзи суботу оромии кишвар ва зиндагии босаодати мардум даъват ба амал овард.
Дигар баромадкунандагон низ оид ба масъалаҳои мавзуъи баррасишаванда андешаронӣ намуда, ба ҳизбиёни ноҳия барои тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дар амал татбиқ кардани бандҳои барномавии он маслиҳатҳои муфидро пешниҳод карданд.