ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз рафти намоиши ҳунарҳои мардум, ки дар ташкилоти ибтидоии навтаъсиси маҳаллаи №10 –и ҷамоати шаҳраки Фархор доир гардид, дидан намуданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабинӣ дар замири мардум бедор намудани завқи баланди ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ ва омода кардани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона мебошад, ки маҳз бо ташаббуси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон метавонанд аз самараи меҳнати дасти худ соҳиби даромади молиявӣ гарданд.
Зимни баргузории ин чорабинӣ сокинони маҳалла, намунаи ҳунарҳои мардумиро, аз қабили хӯрокҳои миллӣ ва намудҳои анвои қаннодӣ ба маърази тамошо гузоштанд.
Қисми дигари намоишгоҳро намунаи қуроқдӯзӣ, чодарҳои чакан ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ зиннат медод. Дар чорабини кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Раҳмонов, Маъмурбӣ Раҳимова ва узви фаъоли ҲХДТ Маҷидзода Абдулҳамид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Фоҷиаи мудҳиши дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъомада андешаронӣ карда, иштирокдоронро бори дигар аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ТТЭ ҲНИ огоҳ карданд