БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рафтори ваҳшиёнаи аъзои ТТЭ ҲНИ маҳкум карда шуд!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик ва роҳбари  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо кормандони  Кумитаи  заминсозии  ноҳия  доир гардид.

Зимни мулоқот дар  мавзӯъи  ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи қонунгузорӣ  оид  ба замин  андешаронӣ намуданд. 

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  қонунгузорӣ  оид  ба замин ва фоҷиаи  нангини гурӯҳӣ муташаккили ҷиноятпешаро, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғара бо сарпарастии ТТЭ ҲНИ   дар ҳамла ба гурӯҳи 7 нафараи сайёҳони хориҷиро, ки дар натиҷа 4 нафар кушта шуда, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интикол дода шуданд, ҳарф зад.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид раиси ташкилоти ибтидоии  «Кумитаи  заминсозӣ»  Аъзамов Тоҳир вобаста  ба ин ҳодисаи  мудҳиш  андешаронӣ карда, дар якҷоягӣ бо  иштирокдорон  рафтору кирдори қотилони ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg